сохранить
  • New List
Бештар
    сохранить
    • New List
2318/Зул-ҳиҷҷа/1446 , 14/Июн/2025

Оё ҷоиз аст, ки мусалмонон ба кофироне, ки бадиву зарарашон камтар аст, раъй бидиҳанд?

Савол: 3062

Баъзе аз мусалмонон, ки дар кишварҳои ғайри исломӣ зиндагӣ мекунанд, мехоҳанд бидонанд, ки оё иштирок дар интихобот ва овоз додан ба ҳизбҳои ғайри исломӣ ҷоиз аст? Онҳо мегӯянд, ки баъзе ҳизбҳои муайян агар дар интихобот ғолиб шаванд, метавонанд дар он ҷо ба мусалмонон кӯмак расонанд.

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин яке аз масоиле мебошад, ки ҳукмаш вобаста ба тағйири замону макон ва аҳвол фарқ мекунад. Бинобар ин наметавон як ҳукми умумиро ба ҳама ҳолатҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ содир кард.

Дар баъзе ҳолатҳо раъйдиҳӣ ҷоиз нест, масалан вақте ин чиз ҳеҷ таъсире ба мусалмонон надошта бошад, ё ин ки раъйи мусалмонон ба натиҷаи интихобот таъсире нарасонад, ки дар чунин ҳолат раъй додан ё надоданашон яксон бошад. Ҳамин тавр, агар бадиву зарари ҳамаи номзадҳо баробар бошад, ё ҳама нисбат ба мусалмонон муносибати яксон дошта бошанд . .

Гоҳо маслаҳати шаръӣ тақозо мекунад, ки мусалмонон ба хотири кам кардани бадӣ ва коҳиш додани зарар (дар интихобот) раъй бидиҳанд. Масалан, номзадҳо ғайримусалмон бошанд, вале яке аз онҳо душманиаш нисбат ба мусалмонон аз дигарон камтар бошад ва раъйи мусалмонон битавонад ба натиҷаи интихобот таъсир расонад, пас дар чунин ҳолат раъйдиҳӣ ҳеҷ боке надорад.

Ба ҳар ҳол, ин масъала аз ҷумлаи масоили иҷтиҳодӣ аст, ки бар пояи масолеҳ ва мафосид бино шудааст. Дар чунин масъалаҳо бояд ба донишмандоне, ки қоидаҳои ин аслро хуб мефаҳманд, муроҷиат карда, ин масъала ба онҳо бо тамоми ҷузъиёташ баён карда шавад; вазъияти кишвар, қонунҳои он ҷо, ҳоли номзадҳо, аҳамияту фоидаҳои овоз додан ва ғайра.

Ҳеҷ касе набояд чунин гумон кунад, ки ҳар касе иҷозаи раъйдиҳиву овоздиҳиро медиҳад, гӯё куфрро иқрору дастгирӣ мекунад. Ин танҳо ба хотири манфиати мусалмонон аст, на аз рӯи муҳаббат ба куфр ва аҳли он. Мусалмонон аз пирӯзии Рум бар Форс шод шуданд, ҳамон гуна ки мусалмонони Ҳабаша аз пирӯзии Наҷошӣ бар касоне, ки мехостанд ӯро аз салтанат маҳрум кунанд, хушнуд шуданд ва ин чизҳо дар таърих машҳур аст. Ва ҳар кас бихоҳад зуҳду парҳезгорӣ кунад ва аз ин кор даст бикашад, ҳақ дорад чунин кунад.

Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

Гарди танзимоти матн

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android