Беҳтарин дидгоҳ дар мавриди ин гурӯҳи одамон ин аст, ки онҳо дар рӯзи қиёмат мавриди имтиҳон қарор мегиранд. Пас, ҳар касе, ки фармонро итоат кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе, ки сарпечӣ намояд, ба дӯзах дохил мешавад. Зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:
وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّىٰ نَبْعَثَ رَسُولًا
سورة الإسراء: ١٥
«Ва Мо ҳеҷ қавмеро азоб намекунем, то паёмбаре бифиристем». (Сураи Исро: 15).