Панҷшанбе 16 Шаввол 1445 - 25 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми навиштани номи Аллоҳ бар торт ва шоколад чист?

Савол

Ҳангоми назар кардан ба барномаи Инстаграм чашмонам ба як саҳифаи мағозаи фурӯши гулу шоколад афтод, ки он мағоза дар болои шоколад калимаи (Мошоаллоҳ) ва (Алҳамдулиллоҳ)-ро чоп мекунад. Вақте, ки ман (эҳтиромона) эътирози худро ба ин масъала баён кардам, зеро дар ин чиз беэҳтиромӣ ба номи Аллоҳ дида мешавад, чунки онро мехӯранд. Соҳиби мағоза дар ҷавоб гуфт, ки ба ҷои ин ки худам фатво бидиҳам, фатвое биёварам. Инак, ман ин масъаларо ба шумо мерасонам, то дар ин бора тасмим бигиред, ҳарчанд ба назари ман, ягон мусулмони боақл чунин чизеро қабул карда наметавонад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ман ин саволро ба Шайхамон Абдурраҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ таъоло ӯро ҳифз кунад) пешниҳод кардам, ӯ дар ҷавоб гуфт: 

"Навиштани номи Аллоҳ дар рӯи таом як навъ беҳурматист, зеро ин кор аз сабаби давлатмандӣ ва дилхушӣ анҷом дода мешавад. Ин амал бар эҳтироми шоистаи номи Аллоҳ таъоло мунофот дорад.

Ҳамчунин буридани он барои хӯрдан як навъ беэҳтиромист".

Аллоҳ донотар аст.
 

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид