Панҷшанбе 18 Рамазон 1445 - 28 Март 2024
Тоҷикӣ

Ҳаҷ аз ҳисоби дигарон

Савол

 

Зане ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ омад ва барояш муяссар шуд, ки аз ҳисоби мизбон фаризаи ҳаҷро адо намояд. Ӯ мепурсад, ки оё ин ҳаҷ аз ҳаҷҷи Ислом кифоя аст, (яъне ин ҳаҷ ҷои ҳаҷҷи фарзиро мегирад), дар ҳоле ки ӯ ягон маблағеро барои ин ҳаҷ аз пули худаш сарф накардааст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Нисбати адо намудани фаризаи ҳаҷ, агар он зан ягон маблағеро аз пулаш барои ҳаҷ сарф накунад ва ё миқдори камеро ӯ сарф намояду, миқдори зиёди хароҷоти ҳаҷ аз ҷониби каси дигар пардохта шавад, ин чиз ба дурустии ҳаҷ таъсире надорад.

Бар асоси ин, агар ҳаҷҷи ӯ бо тамоми шартҳо, рукнҳо воҷибҳо ба ҷо оварда шавад, фаризаи ҳаҷ аз ӯ соқит мешавад, гарчанде ки хароҷоти ҳаҷро шахси дигаре пардохт карда бошад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси ва-л-ифто. (Фатово-л-лаҷна 11/34)