Ҷумъа 19 Рамазон 1445 - 29 Март 2024
Тоҷикӣ

Роҳҳои пешгирӣ аз хобҳои даҳшатангезу нороҳаткунанда

9577

Таърихи нашр : 08-06-2020

Мушоҳидаҳо : 2177

Савол

Чӣ гуна аз хобҳои нороҳаткунанда ва даҳшатангез раҳоӣ ёбем?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

1. Хобҳое, ки шахсро ноором сохта, бедор менамояд, аз ҷониби шайтон аст. Дар умум хобҳое, ки мардум мебинанд, хобҳои хуб, ки он аз ҷониби Аллоҳ аст. Ё фикру тахайюлоти инсон, он чизе, ки аз қалбаш мегузарад ва дар бораи он ба ақли худ фикр мекунад. Саввум хобҳои бад, ки он аз ҷониби шайтон аст.  

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки ӯ гуфт:

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Ҳар гоҳ қиёмат наздик шавад, кам иттифоқе меафтад, ки хоби мӯъмин дурӯғ барояд. Саҳеҳтарин хобҳоро касоне аз шумо мебинанд, ки ростгӯтаранд. Хоби мусулмон як ҷузъе аз чилу панҷ ҷузъи паёмбарӣ аст. Хобҳо бар се қисм тақсим мешаванд: Хобҳои хуб, ки башорат аз ҷониби Аллоҳ мебошанд. Хобҳои ғамангез, ки аз ҷониби шайтонанд. Хобҳое, ки фикру тахайюлоти инсонанд ... ".   Ривояти Муслим (2263).

2. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) тариқаи аз таъсири шайтон ҳангоми хоб раҳоӣ ёфтанро ба мо баён намуд. Инро метавон бо қироъати оятҳои Қуръон ва дуоҳои ривоятшуда пеш аз хоб ба даст овард.  

А. Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нигаҳбонии закоти рамазонро ба ман супурд. Шахсе омад ва ба дуздидани таом (гандум) оғоз кард. Ман ӯро дастгир намуда, гуфтам: Туро ба назди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хоҳам бурд...

Ӯ гуфт: Ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ даромадӣ, ояталкурсиро бихон, аз ҷониби Аллоҳ таъоло бароят муҳофиз ва нигаҳбоне гузошта мешавад ва то субҳ шайтон ба ту наздик намешавад.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ба ту рост гуфтааст, вале ӯ бисёр дурӯғгӯй аст. Ӯ шайтон аст".   Ривояти Бухорӣ (3101).

Б. Аз Абумасъуд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Касе, ки ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, ӯро кифоят мекунанд".   Ривояти Бухорӣ (3786) ва Муслим (807).

Нававӣ фармуд:

Сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод): "Касе, ки ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, ӯро кифоят мекунанд". Бархе гуфтанд: Маънои он, аз намози шаб ӯро кифоят мекунанд. Бархе гуфтанд: Аз шайтон. Бархе гуфтанд: Аз офату зарарҳо. Мумкин аст, ки аз ҳамаи он ӯро кифоят мекунанд.

(Шарҳи Муслим: 6/91, 92).

В. Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки фармуд: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ медаромад, дар кафҳояш Қул ҳуваллоҳу аҳад ва муъаввизатайн (яъне Қул аъузу бираббил фалақ ва Қул аъузу бираббин нос)-ро медамид, сипас аз сару рӯяш оғоз карда, ба ҳар куҷои баданаш дасташ бирасад, кафҳояшро мемолид. Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) фармуд: Ҳангоме, ки бемор мешуд, маро амр мекард, то ин амалро ба ӯ анҷом диҳам.   Ривояти Бухорӣ (5416) ва Муслим (2192).

Г. Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт:  Ҳар гоҳ яке аз мо хобидан мехост, расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) моро амр мекард, ба паҳлӯи рости худ хобида, бигӯяд:

"Аллоҳумма, рабба-с-самовоти ва рабба-л-арзи ва рабба-л-ъарши-л-ъазими, раббано ва рабба кулли шайъин, фолиқа-л-ҳабби ва-н-наво ва мунзила-т-тавроти ва-л-инҷили ва-л-фурқони, аъузу бика мин шарри кулли шайъин анта охизун биносиятиҳи. Аллоҳумма анта-л-аввалу фалайса қаблака шайъун ва анта-л-охиру фалайса баъдака шайъун ва анта-з-зоҳиру фалайса фавқака шайъун ва анта-л-ботину фалайса дунака шайъун, иқзи ъанно-д-дайна ва ағнино мина-л-фақр".

(Эй Аллоҳ! Парвардигори осмонҳо ва Парвардигори замин ва Парвардигори Арши бузург, Парвардигори мо ва Парвардигори ҳамаи чиз, шикофандаи донаҳо ва ҳастаҳо ва нозилкунандаи Тавроту Инҷил ва Фурқон, аз бадии ҳар чизе, ки гирандаи пешонии он ҳастӣ, ба Ту паноҳ мебарам. Эй Аллоҳ! Ту аввал ҳастӣ, ки пеш аз Ту чизе нест ва Ту охир ҳастӣ, ки баъд аз Ту чизе нест ва Ту зоҳиру ошкоро ҳастӣ, ки ошкортар аз Ту чизе нест ва Ту ботину пинҳон ҳастӣ, ки пинҳонтар аз Ту чизе нест, қарзи моро адо намо ва моро аз камбағалӣ ба тавонгарӣ бирасон).   Ривояти Муслим (2713).

Ғ. Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт:  Абубакр гуфт: Эй расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)! Ба ман калимотеро дастур бидеҳ, ки онро ҳар субҳу шом бигӯям.

Фармуд: Бигӯ "Аллоҳумма ъолима-л-ғайби ва-ш-шаҳодати, фотира-с-самовоти ва-л-арзи, рабба кулли шайъин ва маликаҳу, ашҳаду ан ло илоҳа илло анта, аъузу бика мин шарри нафсӣ ва мин шари-ш-шайтони ва ширкиҳи". (Эй Аллоҳ! Эй донандаи ниҳону ошкор, офарандаи осмонҳову замин, Парвардигор ва молики ҳамаи чиз, гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Ту вуҷуд надорад. Аз бадии нафсам ва аз бадии шайтонам ба Ту паноҳ мебарам).

Фармуд: Инро ҳангоми субҳ ва ҳангоми шом ва ҳангоме, ки ба ҷойгаҳи худ дохил шудӣ, бигӯ.   Ривояти Тирмизӣ (3392) ва Абудовуд (5067).   

3. Инчунин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо баён намуд, ки чӣ бояд кард ҳар гоҳ инсон хоби баде дида аз хоб бедор шавад. Ин аст: Ба тарафи чап туф кардан, аз шайтон паноҳ бурдан, тағйир додани паҳлӯ ва намоз хондан, агар бихоҳад.

А. Аз Абуқатода (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Хоби нек аз ҷониби Аллоҳ ва хоби бад аз ҷониби шайтон аст. Пас ҳар гоҳ яке аз шумо хоби бад дида битарсад, ба тарафи чапи худ туф кунад ва аз бадии он ба Аллоҳ паноҳ барад. Онгоҳ ба ӯ зараре намерасонад".   Ривояти Бухорӣ (3118) ва Муслим (2261).

Б. Аз Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Ҳар гоҳ яке аз шумо хоби баде дид, се маротиба ба тарафи чапи худ туф кунад ва се маротиба аз шайтон ба Аллоҳ паноҳ барад ва тараферо, ки бар он хобида буд, тағйир бидиҳад".   Ривояти Муслим (2262).

В. Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Ҳар гоҳ яке аз шумо хоби баде дид, бархезаду намоз хонад ва онро ба мардум нақл накунад".   Ривояти Муслим (2263).

Умедворем, ки агар мусалмон васиятҳоеро, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) кардааст, пеш аз хоб анҷом диҳад, ба ӯ шайтон наздик намешавад. Агар ҳангоми тарс ва бедор шудан он васиятҳоро анҷом диҳад, аз ӯ ғаму андӯҳ дур мешавад.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид