Ҷумъа 10 Шаввол 1445 - 19 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Оё рӯза дар моҳи Раҷаб фазилати муайяне дорад?

Савол

Оё оиди фазилати рӯзаи моҳи Раҷаб ҳадисҳое ворид шудааст?

Хулосаи ҷавоб

Моҳи Раҷаб яке аз моҳҳои ҳаром аст, вале оиди фазилати рӯза гирифтани ин моҳ ба хусус ҳадиси саҳеҳе собит нашудааст. Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадисе оиди мустаҳаб будани рӯза дар моҳҳои ҳаром омадааст. Аз ин рӯ, агар касе ба ин хотир дар моҳи Раҷаб рӯза бигирад ва одатан дар дигар моҳҳои ҳаром рӯза мегирифт, ҳеҷ боке надорад. Аммо махсус дар моҳи Раҷаб рӯза гирифтан раво нест.

Моҳи Раҷаб яке аз моҳҳои ҳаром аст

Моҳи Раҷаб яке аз моҳҳои ҳаром аст, ки Аллоҳ таъоло оиди он фармудааст:

إِنَّ عِدَّةَ الشُّهُورِ عِنْدَ اللهِ اثْنَا عَشَرَ شَهْرًا فِي كِتَابِ اللهِ يَوْمَ خَلَقَ السَّمَوَاتِ وَالْأَرْضَ مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُمٌ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ فَلَا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ

 سورة التوبة: ٣٦ 

«Ҳамоно шумораи моҳҳо назди Аллоҳ таъоло аз он рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офарид, дар китоби Аллоҳ таъоло дувоздаҳ моҳ аст. Аз ин (дувоздаҳ моҳ) чаҳор моҳ ҳаром аст. Ин дини дурусту устувор аст. Пас, дар ин (чаҳор моҳ) бар худ зулм накунед».   (Сураи Тавба: 36).

Моҳҳои ҳаром инҳоянд: Раҷаб, Зулқаъда, Зулҳиҷҷа ва Муҳаррам.

Бухорӣ (4662) ва Муслим (1679) аз Абубакра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят кардаанд, ки фармудааст: «Сол дувоздаҳ моҳ аст, ки чаҳор моҳи он моҳҳои ҳаром аст, се моҳ пайдарпай, ки Зулқаъда, Зулҳиҷҷа ва Муҳаррам аст ва Раҷаби Музар, ки байни моҳҳои Ҷумодо ва Шаъбон аст».

Ин моҳҳо бо ду сабаб ҳаром номида шудаанд:

1. Ба сабаби ҳаром будани ҷанг дар ин моҳ, магар ин ки душман ҷангро оғоз кунад.

2. Зеро ҳурмати поймол намудани ҳаромҳо дар ин моҳҳо нисбати дигар моҳҳо бузургтар аст.

Барои ҳамин, Аллоҳ таъоло моро аз анҷом додани гуноҳон дар ин моҳҳо манъ намуда, фармудааст:

 فَلَا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ

سورة التوبة: ٣٦ 

«Пас, дар ин (чаҳор моҳ) бар худ зулм накунед».   (Сураи Тавба: 36).

Ҳарчанд анҷом додани гуноҳ дар ин моҳҳо ва ҳамчунин дар дигар моҳҳо ҳаром ва мамнӯъ аст, аммо ҳаром будани он дар ин моҳҳо шадидтар аст.

Саъдӣ раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод (саҳ 373) гуфтааст:

 فَلَا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ

سورة التوبة: ٣٦

«Пас, дар ин (чаҳор моҳ) бар худ зулм накунед».   (Сураи Тавба: 36).

Эҳтимол дорад замир ба дувоздаҳ моҳ баргардад ва Аллоҳ таъоло баён кардааст, ки ин моҳҳоро барои бандагон мақодир қарор додааст, то бо тоатҳои Ӯ обод карда шавад ва Аллоҳ таъоло ба хотири миннаташ ва ба хотири муҳайё намудани он барои масолеҳи бандагон шукр карда шавад. Пас дар он аз зулму ситам намудани худ барҳазар бошед.

Ҳамчунин эҳтимол дорад замир ба ин чаҳор моҳ баргардад. Бо вуҷуди он ки (бандагон) аз зулм дар ҳама вақтҳо манъ шудаанд, аммо дар ин моҳҳо ба таври хос манъ шудаанд, зеро ҳаром будани он дар ин моҳҳо бештар буда, зулму ситам дар ин моҳҳо нисбат ба дигар моҳҳо шадидтар аст. Поёни сухан.

Дуввум:

Оё оиди фазилати рӯзаи моҳи Раҷаб ҳадисҳое ворид шудааст?

Аммо оиди рӯзаи моҳи Раҷаб бошад, дар фазилати рӯза гирифтани он ба хусус ва ё қисмати он ҳадиси саҳеҳе собит нашудааст.

Он коре, ки баъзе аз мардум анҷом медиҳанд, махсус дар баъзе рӯзҳои моҳи Раҷаб бо эътиқоди фазилат доштани он ба дигар моҳҳо рӯза мегиранд, ягон асоси шаръӣ надорад.

Ба ҷуз ин ки аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадисе оиди мустаҳаб будани рӯза дар моҳҳои ҳаром (ки Раҷаб низ аз моҳи ҳаром ба ҳисоб меравад) омадааст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Бахше аз моҳҳои ҳаромро рӯза бигир ва (рӯзаи баъзе аз рӯзҳои онро) тарк кун».   Абудовуд ин ҳадисро (2428) ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Заифу Абидовуд" заиф донистааст.

Ин ҳадис - агар саҳеҳ бошад, - бар мустаҳаб будани рӯза дар моҳҳои ҳаром далолат мекунад. Аз ин рӯ, агар касе ба ин хотир дар моҳи Раҷаб рӯза бигирад ва одатан дар дигар моҳҳои ҳаром рӯза мегирифт, ҳеҷ боке надорад. Аммо махсус дар моҳи Раҷаб рӯза гирифтан раво нест.

Шайху-л-ислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Маҷмуъу-л-фатово" (25/290) гуфтааст:

"Аммо дар мавриди рӯзаи моҳи Раҷаб ҳадисҳое ворид шудаанд, ки ҳама заиф, балки мавзуъ (бофта) мебошанд, ки донишмандон ба ягонтои он эътимод намекунанд. Он ҳадисҳо аз ҳадисҳои заифе нест, ки дар фазоили аъмол ривоят карда шаванд, балки аксарияти он ҳадисҳо мавзуъ ва дурӯғин мебошанд. Дар муснад ва дигар китобҳо ҳадисе аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки ӯ ба рӯзаи моҳҳои ҳаром, ки Раҷаб, Зулқаъда, Зулҳиҷҷа ва Муҳаррам мебошад, дастур додааст. Ин ҳадис оиди рӯза дар ин чаҳор моҳ (яъне Раҷаб, Зулқаъда, Зулҳиҷҷа ва Муҳаррам) мебошад ва махсус барои рӯзаи моҳи Раҷаб намебошад". Поёни сухан бо ихтисор.

Ибни Қайим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Тамоми ҳадисҳое, ки оиди рӯзаи Раҷаб ва намози баъзе шабҳои он омадаанд, дурӯғи бофташуда мебошанд". Поёни сухан аз китоби "Ал-Манору-л-муниф" (саҳ 96).

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар китоби "Табйину-л-ъаҷаб" (саҳ 11) гуфтааст:

"Оиди фазилати моҳи Раҷаб ва рӯзаи ҳама рӯзҳо ва ё баъзе рӯзҳои муайяни он ва ё намози шабҳои махсуси он ҳадиси саҳеҳе ворид нашудааст, ки шоистаи истидлол бошад". Поёни сухан.

Шайх Сайид Собиқ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Фиқҳу-с-сунна" (1/383) гуфтааст:

"Рӯзаи Раҷаб аз рӯзаи дигар моҳҳо фазилати зиёде надорад, ҷуз ин ки Раҷаб аз моҳҳои ҳаром ба ҳисоб меравад. Дар ҳадисҳои саҳеҳ фазилати хоссе оиди рӯзаи ин моҳ наомадааст. Ривоятҳое, ки дар ин боб омадаанд, шоистаи истидлол намебошанд". Поёни сухан.

Ҳукми рӯзаи рӯзи бисту ҳафтуми моҳи Раҷаб чист?

Аз Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди рӯзаи рӯзи бисту ҳафтуми моҳи Раҷаб ва қиёми шаби он пурсиданд.

Чунин посух дод: "Рӯзаи рӯзи бисту ҳафтуми моҳи Раҷаб ва қиёми шаби он ва тахсис намудани он бидъат аст ва ҳар бидъат гумроҳӣ мебошад". Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (20/440).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб