Сешанбе 19 Зулҳиҷҷа 1445 - 25 Июн 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми қасдан бӯй кашидани бӯи таом

66079

Таърихи нашр : 24-03-2022

Мушоҳидаҳо : 2744

Савол

Ҳукми касе ки дар ҳоли рӯзадорӣ қасдан бӯи таомро истишмом (бӯй) мекунад, чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳеҷ боке нест, ки шахси рӯзадор бӯйҳои хушро истишмом намояд, хоҳ он бӯи хӯрок бошад, бӯи хушбӯӣ ва ё бӯи чизи дигар. Вале бухур (дуди хушбӯӣ) ва ё бухори хӯрокро истишмом намекунад, зеро он моддае дорад, ки метавонад (бо воситаи бинӣ) ба меъда ворид шавад.

Дар "Ҳошияту-д-дасуқӣ" (1/525) омадааст:

"Ҳар гоҳ дуди бухур ва ё бухори хӯрок ба ҳалқи инсон бирасад, қазои рӯза воҷиб мегардад . . . ҳар гоҳ он дуд бо воситаи истишмом (ба ҳалқ) бирасад, хоҳ он шахси истишмомкунанда худ онро омода карда бошад ва ё шахси дигар. Аммо агар яке аз он ду беихтиёри инсон ба ҳалқ бирасад, бино бар мӯътамадтарин дидгоҳ қазои он ба омодакунанда ва ё ба дигарон воҷиб нест". Поёни сухан бо ихтисор.

Аз Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд:

"Оё истифода бурдани хушбӯӣ, ба монанди равғани уд, одеколон ва бухур дар рӯзи Рамазон ҷоиз аст?

Чунин посух дод:

"Бале, истифода бурдани он ҷоиз аст, ба шарте бухур (дуди хушбӯӣ)-ро ба бинӣ накашад". Поёни сухан.

"Фатово"-и Ибни Боз (15/267).

Аз Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд:

Истифода бурдани хушбӯиҳо дар рӯзи Рамазон барои рӯзадор чӣ ҳукм дорад?

Чунин посух дод:

"Ҳеҷ боке нест, ки хушбӯиро дар рӯзи Рамазон истифода барад ва онро истишмом кунад, ба ҷуз бухур (дуди хушбӯӣ), ки онро истишмом намекунад, зеро он моддае дорад, ки метавонад (бо воситаи бинӣ) ба меъда ворид шавад, ки он дуд мебошад". Поёни сухан.

"Фатово Рамазон" (саҳ 499).

Дар фатовои Кумитаи доимӣ (10/271) омадааст:

"Ҳар кас бо ҳар намуди хушбӯӣ дар рӯзи Рамазон дар ҳоли рӯзадорӣ худро хушбӯй намояд, рӯзааш фосид намешавад, вале бухур ва хӯшбӯиҳои кӯбидашуда, аз қабили хокаи мушкро истишмом намекунад". Поёни сухан.

Хулоса:

Танҳо бӯй кардани хӯрок дар ҳоли рӯзадорӣ ҳеҷ боке надорад (яъне рӯзаро намешиканад), вале набояд бухорҳои хӯрокро истишмом бикунад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб