Ҷумъа 10 Шаввол 1445 - 19 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Ӯ дар роҳ кофиреро пайдо кард, пас бояд ӯро (бо мошинаи худ) савор кунад?

42958

Таърихи нашр : 20-01-2023

Мушоҳидаҳо : 1066

Савол

Агар инсон дар роҳ ғайримусулмонеро биёбад ва ӯ талаб намояд, ки ӯро ба мошинаш савор бикунад, ҳукмаш чист? Оё хӯрдани ғизое, ки дастони кофирон ба он расидааст, ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

 

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар дар роҳ ғайримусулмонеро ёфтед, ҳеҷ боке нест, ки ӯро ба мошинаи худ савор кунед, зеро Аллоҳ мефармояд:

لَا يَنْهَاكُمُ اللّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ أَنْ تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ

سورة الممتحنة: ٨

«Аллоҳ шуморо аз некӣ кардан ва адолат варзидан нисбат ба касоне, ки дар (амри) дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун насохтаанд, манъ намекунад. Бегумон Аллоҳ адолатпешагонро дӯст медорад».   (Сураи Мумтаҳана: 8).

Аммо хӯрдани ғизое, ки дастони кофирон ба он расидааст, ҷоиз мебошад, зеро наҷосати кофир маънавӣ аст, на ҳиссӣ.

Сарчашма: Поёни сухан аз "Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод (3/44)