Чоршанбе 15 Шаввол 1445 - 24 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Баромадани мазӣ рӯзаро фосид намекунад

Савол

Ман аз шаҳват ранҷ мекашам, ки ҳамеша бо кӯчактарин сабабҳо барангехта мешавад, масалан ҳангоми гузар кардан дар роҳ ва занеро мебинам, фавран чашмонамро поён мебарам (ва ба ӯ нигоҳ намекунам), аммо иттифоқ меафтад, ки чизе хориҷ мешавад. Ё ман менишинам, фикрҳое ба сарам меоянд, ки ман онҳоро фавран қатъ карданӣ мешавам, аммо иттифоқ меафтад, ки чизе хориҷ мешавад. Ин бар хилофи иродаи ман аст, (яъне ман қасдан онро намекунам). Оё ин рӯзаро фосид мекунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Баромадани мазӣ рӯзаро фосид намекунад, хоҳ он бо сабаби фикр кардан ё бӯса намудани ҳамсар ё бо ягон сабаби дигар барояд. Ин мазҳаби Имом Шофеӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад. Ба китоби "Ал-Маҷмӯъ"-и Нававӣ, (6/323) нигаред.

Шайхулислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар "Ал-Ихтиёрот" (саҳ 193) гуфтааст:

Рӯза бо баромадани мазӣ, ки бо сабаби бӯса, ламс ва ё нигоҳи ботакрор нозил мешавад, фосид намегардад. Ин дидгоҳи Абуҳанифа, Шофеӣ ва баъзе аз асҳобамон мебошад. Поёни сухан.

Ин ихтиёри Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) аст, тавре ки дар "Аш-Шарҳу-л-мумтиъ" (6/390) гуфтааст:

Далели он ин аст, ки ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки рӯза бо он (яъне баромадани мазӣ) фосид мешавад, зеро рӯза ибодатест, ки инсон ин ибодатро мувофиқи шариат оғоз кардааст. Аз ин рӯ, мумкин нест, ки ин ибодатро бидуни далел фосид намоем. Поёни сухан бо каме тағйирот.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб