Сешанбе 14 Шаввол 1445 - 23 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Одоби ҳаҷҷу умра

Савол

Дар сомонаатон сифати ҳаҷҷу умраро хондам, оё ягон одобе вуҷуд дорад, ки ҳоҷӣ ё умракунанда бояд онро риоя кунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 الْحَجُّ أَشْهُرٌ مَّعْلُومَاتٌ فَمَن فَرَضَ فِيهِنَّ الْحَجَّ فَلَا رَفَثَ وَلَا فُسُوقَ وَلَا جِدَالَ فِي الْحَجِّ وَمَا تَفْعَلُوا مِنْ خَيْرٍ يَعْلَمْهُ اللَّهُ وَتَزَوَّدُوا فَإِنَّ خَيْرَ الزَّادِ التَّقْوَىٰ وَاتَّقُونِ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ 

Ҳаҷ дар моҳҳои муайян (аз оғози Шаввол то даҳуми Зулҳиҷҷа) аст, пас касе, ки дар ин моҳҳо (бар худ) ҳаҷро фарз гардонад, (бояд бидонад, ки) дар ҳаҷ, ҳамбистарӣ ва гуноҳ ва ҷидол раво нест ва ҳар кори хубе, ки анҷом медиҳед, Аллоҳ онро медонад. Ва тӯша баргиред, ки беҳтарини тӯша парҳезгорист. Пас эй хирадмандон, аз Ман битарсед.   (Сураи Бақара: 197).

- Бинобар ин, банда бояд маносики ҳаҷро бо таъзим, бузургдошт, муҳаббат ва хушӯъ ба Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён анҷом бидиҳад ва онро бо вақору оромӣ ва ба расулуллоҳ пайравӣ намуда адо намояд.

- Бояд ҳоҷӣ ин маконҳои бузургро бо зикр, такбир, тасбеҳ, таҳмид ва истиғфор гузаронад, зеро ӯ аз он даме, ки эҳром пӯшид, то дами аз эҳром баромадан, дар ибодат аст. Ҳаҷ сайру гашти лаҳву бозӣ нест, ки инсон мувофиқи хостааш лаззат ва дилхушӣ намояд, чуноне ки аз баъзе мардум дида мешавад. Баъзеашонро мебинӣ, ки дар бозиву ханда ва масхара намудани махлуқон ва дигар амалҳои мункар зиёдаравӣ мекунанд, гӯё ҳаҷ барои дилхушиву бозӣ машрӯъ шуда бошад.

- Бар ҳоҷӣ ва дигарон воҷиб аст, ки бар воҷибҳои Аллоҳ, ба монанди намоз бо ҷамоат дар вақтҳояш ва амри маъруфу наҳйи мункар пойбанд бошад.

- Бояд ҳоҷӣ ба манфиати мусалмонон ва некӯӣ ба онон бо роҳнамоӣ ва кӯмак дар ҳангоми ниёз саъю кӯшиш намояд. Ба нотавонон хусусан дар ҷойҳои издиҳом ва дигар ҷойҳо раҳм намояд, зеро раҳм намудани махлуқот сабаби ҷалби раҳмати офаридгор аст. Аллоҳ танҳо бандагони раҳмкунандаашро раҳм хоҳад кард.

- Бояд аз суханони бад, гуноҳу фисқу фуҷур ва ҷидол дар ғайри ёрии ҳақ худдорӣ намояд. Аммо ҷидол барои ёрии ҳақ, дар ҷояш воҷиб аст. Бояд ҳоҷӣ аз таҷовузи ҳаққи мардум ва азияти онон худдорӣ кунад. Аз ғайбату суханчинӣ, дашному ҳақорат, задан ва ба номаҳрамон нигоҳ кардан дурӣ ҷӯяд. Зеро ин гуноҳон дар ҳоли эҳром ва берун аз эҳром ҳаром буда, дар ҳоли эҳром ҳаром буданаш бештар мебошад.

Аз он суханоне, ки бисёре аз мардум ба забон меоранд ва лоиқи машоири ҳаҷ нест, худдорӣ кунад, мисли суханони нафароне, ки ҳангоми сангпартоӣ ба Ҷамарот мегӯянд: Шайтонро санг задем ва гоҳо он маконро дашном медиҳанд ё онро кафш ва дигар чизҳо мезананд, ки ин гуна тасарруфот зидди фурӯтаниву хузӯъ ва ибодат аст ва инчунин бо мақсади асосии сангпартоӣ, ки барқароркунии зикри Аллоҳ таъоло аст, мухолифат дорад.

Манбаъ: Китоби "Ал-Манҳаҷ лимуриди-л-умрати ва-л-ҳаҷ”-и Шайх Муҳаммад ибни Усаймин.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб