Чоршанбе 15 Шаввол 1445 - 24 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Амалҳое ки иҷрокунандаашро аз Ислом хориҷ менамояд

Савол

Чӣ амалҳое аст, ки агар мусулмон онро анҷом бидиҳад, аз дин хориҷ мешавад?

Матни ҷавоб

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Эй мусулмон, бидон, ки Аллоҳ таъоло бар тамоми бандагон дохил шудан ба дини Ислом ва тамассук ба оини онро воҷиб кардааст ва аз мухолифат бо он бар ҳазар дошта, паёмбараш Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро барои даъват ба ин дин фиристодааст ва Ӯ хабар додааст, ки ҳар кас ӯро пайравӣ бикунад, ба таҳқиқ ҳидоят ёфтааст ва ҳар кас рӯй гардонад, ба таҳқиқ гумроҳ шудааст.

Аллоҳ таъоло дар оятҳои зиёде аз сабабҳои муртад шудан (баромадан аз дин) ва дигар намудҳои ширк ва куфр бар ҳазар доштааст. Донишмандон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) дар боби ҳукми муртад зикр кардаанд, ки мумкин аст мусулмон бо намудҳои бисёре аз навоқиз муртад шавад, ки (бо сабаби он навақиз) ҷону моли ӯ ҳалол гардида, аз доираи Ислом хориҷ шавад. Аз ҷумлаи хатарноктарини ин навоқизҳо, ки бештар рух медиҳанд, даҳ навоқизанд, ки онро шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва дигар донишмандон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) зикр кардаанд ва мо онро ба таври мухтасар бароят зикр мекунем, то аз он барҳазар бошӣ ва дигаронро низ аз он бим намоӣ. Бо умеди аз он дар саломату офият будан, баъд аз он шарҳу эзоҳи андакеро зикр хоҳем кард.

Аввал:

Ширк овардан дар ибодати Аллоҳ таъоло. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 إِنَّ اللهَ لاَ يَغْفِرُ أَن يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَلِكَ لِمَن يَشَاء    النساء/116.

«Харойина Аллоҳ ин гуноҳро, ки ба ӯ ширк оварда шавад, намеомурзад ва ғайри онро барои ҳар ки бихоҳад, меомурзад».   (Сураи Нисо: 116).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 إِنَّهُ مَن يُشْرِكْ بِاللهِ فَقَدْ حَرَّمَ اللهُ عَلَيهِ الْجَنَّةَ وَمَأْوَاهُ النَّارُ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنصَارٍ   المائدة/72

«Ҳамоно ҳар кас ба Аллоҳ ширк оварад, Аллоҳ биҳиштро бар ӯ ҳаром кардааст ва ҷойгоҳаш дӯзах аст ва барои ситамгорон ёвароне нест».   (Сураи Моида: 72).

Ва аз ҷумлаи ширк дуо хондани мурдагон ва талабу мадад хостан аз онҳо ва назру қурбонӣ барои онҳост. Монанди касоне ки барои ҷинҳо ва ё қабрҳо забҳу қурбонӣ менамоянд.

Дуввум:

Касе, ки байни худ ва байни Аллоҳ воситаҳое қарор бидиҳад ва аз он воситаҳо чизе бихоҳад ва аз онон шафоат биталабад ва бар онон таваккал кунад, бо иҷмои донишмандон кофир шудааст.

Саввум:

Касе, ки мушриконро кофир надонад ва ё дар куфри онон шак кунад ва ё ин ки мазҳаби ононро саҳеҳ бидонад, кофир шудааст.

Чаҳорум:

Касе эътиқод кунад, ки роҳу равиши ғайри паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз роҳу равиши паёмбар комилтар аст ва ё ин ки (эътиқод кунад, ки) ҳукми шахси дигаре аз ҳукми паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) беҳтар аст, ба монанди касе, ки ҳукми тағутонро бар ҳукми паёмбар бартарӣ медиҳад, пас ӯ кофир мебошад.

Панҷум:

Касе, ки ба чизе аз он чи расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) (барои уммати худ) овардааст, буғзу бадбинӣ варзад, пас дар ҳақиқат кофир шудааст, гарчанде ки ба он ҳукм амал кунад, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

 ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ كَرِهُوا مَا أَنزَلَ اللَّهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَالَهُمْ    محمد/9

«Ин ба он сабаб аст, ки онон он чиро, ки Аллоҳ нозил кардааст, нописанд доштанд, пас, Аллоҳ низ амалҳояшонро нобуд сохт».   (Сураи Муҳаммад: 9).

Шашум:

Касе, ки чизе аз дини расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва ё савоб ва ё муҷозоти онро масхара кунад, кофир мешавад. Далели он сухани Аллоҳ таъоло аст, ки мефармояд:

 قُلْ أَبِاللهِ وَآيَاتِهِ وَرَسُولِهِ كُنتُمْ تَسْتَهْزِؤُونَ ❁ لا تَعْتَذِرُواْ قَدْ كَفَرْتُم بَعْدَ إِيمَانِكُمْ    التوبة / 65 - 66

«Бигӯ: Оё ба Аллоҳ ва оятҳои Ӯ ва паёмбари Ӯ масхара мекардед? Узр наёваред, дар ҳақиқат пас аз имонатон кофир шудаед».   (Сураи Тавба: 65-66).

Ҳафтум:

Сеҳр (ҷодугарӣ) ва аз ҷумлаи он сарф ва атф мебошад. Касе, ки онро анҷом диҳад ва ё аз он розӣ шавад, кофир мегардад. Далели он сухани Аллоҳ таъоло аст, ки мефармояд:

 وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنْ أَحَدٍ حَتَّى  يَقُولاَ إِنَّمَا نَحْنُ فِتْنَةٌ فَلاَ تَكْفُرْ    البقرة/102 

«Ва (он ду фаришта) ба ҳеҷ кас чизе ёд намедоданд, магар ин ки мегуфтанд: Мо танҳо василаи озмоиш ҳастем, пас кофир машав».   (Сураи Бақара: 102).

Ҳаштум:

Пуштибонӣ кардан аз мушрикон ва ёрӣ кардани онон бар зидди мусулмонон. Далели он сухани Аллоҳ таъоло аст, ки мефармояд:

 وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمْ فَإِنَّهُ مِنْهُمْ إِنَّ اللّهَ لاَ يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ    المائدة/51

«Ва ҳар кас, ки аз шумо ононро дӯст гирад, пас ӯ аз ҷумлаи онҳост. Ҳамоно Аллоҳ гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад».   (Сураи Моида: 51).

Нӯҳум:

Касе, ки эътиқод дошта бошад, ки баъзе аз мардум метавонанд аз шариати Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хориҷ шаванд, чуноне ки Хизр аз шариати Мӯсо (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хориҷ буд, кофир мебошад, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَمَن يَبْتَغِ غَيْرَ الإِسْلاَمِ دِينًا فَلَن يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِي الآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ    آل عمران/85

«Ва ҳар кас дине ғайр аз ислом биҷӯяд, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва ӯ дар охират аз зиёнкорон аст».   (Сураи Оли Имрон: 85).

Даҳум:

Рӯйгардонӣ аз дини Аллоҳ, тавре ки на онро таълим мегирад ва на ба он амал мекунад. Далели он сухани Аллоҳ таъоло аст, ки мефармояд:

 وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِآيَاتِ رَبِّهِ ثُمَّ أَعْرَضَ عَنْهَا إِنَّا مِنَ الْمُجْرِمِينَ مُنتَقِمُونَ   السجدة/22

«Ва кист ситамкортар аз он касе, ки ба оёти Парвардигораш панд дода шавад, сипас аз онҳо рӯй гардонад? Ҳароина, Мо аз гунаҳкорон интиқом мегирем».   (Сураи Саҷда: 22).

Дар ҳамаи ин навоқиз байни касе ки аз рӯи шӯхӣ ё ҷиддӣ ва ё аз рӯи тарс онро анҷом бидиҳад, ҳеҷ фарқе вуҷуд надорад, магар касе, ки ба анҷом додани он маҷбур шавад.

Ва ҳамаи инҳо аз умури хатарноктаринест, ки дар байни мардум зиёд ба вуқӯъ мепайвандад. Пас бар мусулмон лозим аст аз он барҳазар бошад ва аз он бар нафси худ битарсад.

Аз мӯҷиботи ғазаби Аллоҳ ва азоби дарднокаш ба Ӯ паноҳ мебарем. Дуруду паёми Аллоҳ бар беҳтарини махлуқи Ӯ, Муҳаммад ва бар олу саҳобагони ӯ бод. Поёни сухани Шайх (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

Умури зерин дар қисми чаҳорум дохил аст: Ҳар касе эътиқод дошта бошад, ки низому қонунҳое, ки мардум онро гузоштаанд, аз шариати Ислом беҳтар ва ё бо он баробар аст ва ё ин ки ҳукму доварӣ ҷустан аз он ҷоиз аст, гарчанде ки эътиқод дошта бошад, ки ҳукми шариат аз он беҳтар аст. Ё ин ки эътиқод намояд, ки қонуни Ислом дар асри бистум барои истифода муносиб нест ва ё ин ки дини Ислом, сабаби ақибмондагии мусулмонон аст ва ё ин ки дини Ислом танҳо робитаест байни банда ва Парвардигораш ва дар дигар шууни зиндагӣ ҳеҷ дахолате надорад.

Умури зерин низ дар қисми чаҳорум дохил аст: Ҳар касе эътиқод дошта бошад, ки анҷом додани ҳукми Аллоҳ таъоло дар мавриди буридани дасти дузд ва сангсор кардани марди зинокоре, ки қаблан издивоҷ кардааст ва ё дар ҳоли ҳозир зандор аст, муносиби замони ҳозира нест.

Умури зерин низ дар он қисм дохил аст: Ҳар кас эътиқод дошта бошад, ки ҳукм намудан дар муомилот, ҳудуд ва ё дар дигар мавридҳо ба ғайри шариати Аллоҳ ҷоиз аст, гарчанде ки эътиқод надошта бошад, ки он ҳукм аз ҳукми шариат беҳтар аст. Зеро ӯ бо ин амал он чиро, ки Аллоҳ бо иҷмоъ ҳаром кардааст, ҳалол донистааст ва ҳар касе чизеро, ки Аллоҳ ҳаром кардааст ва ҳаром будани он возеҳу ошкор аст, монанди зино, шаробнӯшӣ, рибохӯрӣ ва ҳукм ба ғайри шариати Аллоҳ, пас ӯ бо иҷмои мусулмонон кофир аст.

Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки ҳамаи моро ба он чи, ки хушнудии Ӯ дар он аст муваффақ намояд ва мо ва ҳамаи мусулмононро ба роҳи рости худ ҳидоят кунад. Ӯ шунавову наздик аст. Дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб