Шанбе 18 Шаввол 1445 - 27 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Ширкат варзидан дар маросими дафни касе, ки аз қабрҳо истиғоса мекунад

2900

Таърихи нашр : 06-10-2023

Мушоҳидаҳо : 581

Савол

Ширкат варзидан дар маросими дафни майите, ки (дар ҳоли зинда буданаш) аз қабрҳо истиғоса мекард (ва кӯмак металабид), чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мо ин саволро ба Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин матраҳ намудем, ӯ чунин посух дод:

Агар бар истиғоса намудан аз мурдагон исрор варзад ва дар ҳамин ҳолат бимирад, дар ин сурат, ширкат варзидан дар маросими дафни ӯ ҷоиз нест. Агар касе бо ӯ (дар мавриди истиғоса кардан ва мадад талабидан аз мурдагон) баҳс накарда бошад (ва ба ӯ нодуруст будани ин корро нафаҳмонда бошад), дар ин сурат, мо бояд нигоҳ кунем, ки оё ӯ дар сарзамине аст, ки дар он ҷо аҳли тавҳид ва даъватгарони он вуҷуд доранд ва роҳҳои шинохти тавҳид фароҳам аст? Агар ин тавр бошад, бо эҳтимоли зиёд ҳуҷҷат бар ӯ қоим шудааст, бинобар ин, ширкат варзидан дар маросими дафни ӯ ҷоиз нест. Дар акси ҳол ширкат варзидан дар маросими дафни ӯ ҷоиз аст.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин