Чоршанбе 27 Зулҳиҷҷа 1445 - 3 Июл 2024
Тоҷикӣ

Шустани бадан ба хотири хунук шудан ҳангоми эҳром

Савол

Оё барои муҳрим ҷоиз аст, ки ба хотири хунук шудан тамоми баданашро бишӯяд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои мусулмон ҷоиз аст, ки ба хотири хунук шудан тамоми баданашро бишӯяд, агар гарм бошад. Ин амал ӯро ба ин ибодат фаъол месозад. Ҳангоми шустан (ва ғусл кардан) бояд эҳтиёт кунад, ки аз мӯй ва пӯсташ чизе наафтад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто. (Фатово-л-лаҷна: 11/184)