Чоршанбе 27 Зулҳиҷҷа 1445 - 3 Июл 2024
Тоҷикӣ

Тавофи видоъ танҳо пас аз анҷоми ҳаҷ дуруст аст

Савол

Оё ҷоиз аст, ки ҳоҷӣ субҳи дувоздаҳум (-и моҳи Зулҳиҷҷа) тавоф кунад ва баъд ба Мино баргашта, ба ҷамарот санг партояд ва сипас ба кишвари худ сафар бикунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Тавофи видоъ охирин амали ҳаҷ аст. Бинобар ин ҷоиз нест, ки пеш аз дигар амалҳои ҳаҷ анҷом дода шавад, зеро дар ҳадиси Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) омадааст: «Ба мардум амр шудааст, ки охирин амалашон (дар ҳаҷ) тавофи хонаи Каъба бошад». 

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, Шайх Абдурраззоқ Афифӣ, Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён, Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

"Фатово-л-лаҷнати-д-доима" (11/302).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб