Душанбе 20 Шаввол 1445 - 29 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Хӯрдани таомҳои зудомодашаванда дар ғарб (кишварҳои Аврупо)

100431

Таърихи нашр : 31-05-2022

Мушоҳидаҳо : 1111

Савол

Саволи ман дар бобати хӯрдани таомҳои зудомодашавандаи ошхонаҳои Бритониё аст. Саволи рақами (12776)-ро, ки баёнгари ҷоиз будани хӯрдани забиҳаи аҳли китоб аст, хондаам. Дар он омадааст, ки агар дар ҳолате, ки бо қувваи барқ онро беҳаракат намуда, пеш аз мурданаш забҳ бикунанд, хӯрдани он ҷоиз мегардад. Маҷаллаи Бритониёӣ дастрасам гардид, ки дар он зери мақолаи "Гӯшт чи хел ба дастархони шумо мерасад", чигунагии амалиёти забҳи чорво пурра шарҳ дода шудааст. Дар ин мақола омадааст, ки говҳоро аз дурии 15-сантиметр мепаронанд ва ин тир онро намекушад, балки беҳаракаташ месозад ва баъд аз он, онро дар ҷои забҳкунӣ овезон карда, сари онро аз болои гарданаш мебуранд. Оё ингуна забиҳаро хӯрдан ҷоиз аст? Ё ба маънои дигар, оё аз ошхонаҳои ғарбӣ, агар фарз кардем тарақаи  забҳи онон чунин бошад, таом хӯрдан мумкин аст

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:    

Яке аз муҳимтарин шартҳои собит гаштани забҳи шаръӣ он аст, ки бояд ҳайвони забҳшаванда ҳангоми забҳ зинда бошад. Фақеҳон дар баёни маънои ҷумлаи зерин: "Бояд ҳайвони забҳшаванда ҳангоми забҳ зинда бошад",  шарҳу тақсимоти зиёде намудаанд. Инчунин, фақеҳон фарқ байни мурдани босабаби ҳайвон, монанди "хафакӣ шудан", "аз баландӣ афтидан" ва мурдани бесабаби онро баён намудаанд. Хулосаи гуфтаи фақеҳон дар ин бобат, ин аст:

"Зинда будани ҳайвон барои собит гаштани забҳи шаръӣ кофӣ буда, ягона нишонаи зинда будани он, ин ҷорӣ шудани хун мебошад, ба ҷуз ин дигар нишонае вуҷуд надорад".

Шайху-л-ислам Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар "Маҷмуъу-л-фатово" (35/237) чунин гуфтааст:

"Дурусташ он аст, ки ҳар вақто, ки ҳайвон зинда бошаду, забҳ карда шавад, хӯрданаш ҳалол аст. Ва дар ин ҳолат ҳаракати ҳайвони забҳшуда ба эътибор гирифта намешавад, чунки ҳаракати ҳайвони забҳшуда низом надорад, балки баъзеаш муддати ҳаракати дароз дошта, бисёр ҳаракат мекунад. Ба таҳқиқ паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Он чизеро, ки хунаш ҷорӣ шуду, номи Аллоҳ бар он зикр карда шуд, бихӯред».

Пас ҳар вақто, ки хун аз ҳайвони зиндае, ки забҳ карда шудааст, ҷорӣ шавад, хӯрданаш ҷоиз аст.

Мардум байни хуни ҳайвони мурда ва зинда фарқеро зикр кардаанд. Хуни ҳайвони мурда ях карда, сиёҳ мешавад. Аз ин лиҳоз, ба хотири гирд омадани намнокӣ дар мурда, Аллоҳ таъоло онро ҳаром гардонидаст. Пас ҳар вақто, ки хуни он ҷорӣ бишавад, яъне он хуне, ки баъд аз забҳи ҳайвони зинда ҷорӣ мешавад, хӯрдани он ҳалол аст, гарчанде, яқин дошта бошад, ки он ҳайвон хоҳад мурд. Аксари Саҳобагон (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) фатво додаанд, ки вақте ҳайвон баъди забҳ шуданаш думашро таккон диҳад ва ё миҷҷа занад ва ё бо пояш бидавад, ҳалол аст. Дар инҷо шарт нагузоштаанд, ки ҳаракати он аз ҳаракати ҳайвони забҳшуда зиёдтар бошад. Ин сухан сухани саҳобагон буда, мувофиқи он ҳаракат далели вуҷуди ҳаётро дошта, акси ин сухан дуруст нест, яъне шарт нест, ки дар ҳолати набудани ҳаракат ҳайвон мурда бошад, балки имкон дорад, ки бо вуҷуди ҳаракат накарданаш, зинда бошад. Гоҳо мешавад, агар инсон ҳангоми хоб буданаш, кушта шавад, ҳаракат нахоҳад кард ва инчунин шахси беҳуш низ кушта шавад, ҳаракат намекунад.Чорпо низ гоҳо бо вуҷуди зинда буданаш вақте забҳ карда шавад, аз сабаби заифиаш ҳаракат нахоҳад кард. Вале хориҷ шудани хун, ки танҳо аз ҳайвони забҳшуда хориҷ мешавад, далеле бар зинда будани он буда, хуни ҷорӣ хуни ҳайвони мурда шуда наметавонад. Аллоҳ донотар аст". Поёни сухан.

Дуввум:

Бинобар ин, он чизеро, ки шумо - эй бародари саволдиҳанда – бобати тариқаи забҳ дар ҷои истиқомати худ зикр намудед, ки он аз паррондани ҳайвон пеш аз забҳи он, то аз ҳаракат бимонад, иборат аст, чунин ҳукм дорад: Агар ба гумони шахси бо ин кор машғулшаванда ғалаба кунад, ки ӯ ба ҷое мепарронад, ки он сабаби марги ҳайвон нагашта, танҳо онро аз ҳаракат боз дораду, ҳануз он зинда бошад, пас дар ин ҳолат агар забҳи шаръӣ карда шавад, хӯрдани гушти он ҳалол аст. Аз ин рӯ, ба хотири осон шудани забҳи ҳайвон, паррондани он ҳеҷ боке надорад.

Дар сомонаи мо баёни ҳукми баъди қувваи барқ ва ё доруи беҳушкунанда, забҳ намудани ҳайвон, зикр шудааст. Инҷо барои маълумоти бештар қарори "Маҷмаъу-л-фиқҳи-л-исламӣ"-и Маккаи Мукаррамаро нақл мекунем, ки дар ин қарор чунин омадааст:

1. Вақте ҳайвонеро, ки гӯшташ ҳалол аст, бо қувваи барқ бизананд ва баъд аз он дар ҳолати зинда буданаш, онро забҳ ё наҳр бикунанд, ин забҳ, забҳи шаръӣ буда, хӯрдани гӯшти он ҳалол аст. Ин ҳукм бо дарназардошти маънои омме, ки дар оят омадааст, содир шудааст, чигунае, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

 حُرِّمَتْ عَلَيْكُمُ الْمَيْتَةُ وَالْدَّمُ وَلَحْمُ الْخِنْزِيرِ وَمَا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللهِ بِهِ وَالْمُنْخَنِقَةُ وَالْمَوْقُوذَةُ وَالْمُتَرَدِّيَةُ وَالنَّطِيحَةُ وَمَا أَكَلَ السَّبُعُ إِلاَّ مَا ذَكَّيْتُمْ

سورة المائدة: ٣

«Мурдор ва хун ва гӯшти хук ва он чи ба номи ғайри Аллоҳ забҳ шавад ва ҳайвоне, ки дар асари буғӣ кардан ва ё задан ва ё афтодан аз боло ва ё ба зарби шох (-и ҳайвони дигаре) бимирад ва низ ҳайвоне, ки тавассути даррандагон дарида гардад, бар шумо ҳаром аст, ба ҷуз ҳайвоне, ки (баъд аз ин офатҳо, пеш аз мурданаш) забҳ намоед».   (Сураи Моида: 3).

2. Ҳар вақто, ки ҷони ҳайвони бо қувваи барқ задашуда пеш аз забҳ ва ё наҳр барояд, он худмурда буда, хӯрдани он ҳаром мебошад. Ин бо дарназардошти маънои омми ин оят, ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

 حُرِّمَتْ عَلَيْكُمُ الْمَيْتَةُ

سورة المائدة: ٣

«Мурдор бар шумо ҳаром карда шудааст».   (Сураи Моида: 3).

3. Пеш аз забҳ ва ё наҳр, ҳайвонро бо қувваи барқи баланд задан, ин худ азоб додани ҳайвон ба ҳисоб меравад ва Ислом ин амалро манъ намуда, ба раҳм ва меҳрубонӣ намудан ба ҳайвон амр кардааст. Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадиси саҳеҳе омадааст, ки мефармояд: «Ҳаройина Аллоҳ бар ҳама чиз некўиро навиштааст, пас ҳар вақто, ки ба қатл расонед, қатлро некӯ анҷом бидиҳед ва ҳар вақто, ки забҳ кунед, забҳро некў анҷом бидиҳед, пас бояд ҳар кадоми шумо корди худро тез кунад ва ҳайвони забҳшавандаро роҳат бидиҳад».   Ривояти Муслим.

4. Аммо вақте, ки қувваи барқ дараҷааш паст бошаду, ҳайвон аз он азоб накашад ва ин кор ба хотири осон кардани дарди забҳ ва ором намудани ҳайвон бошад, бо дарназардошти фоидае, ки аз ин амал ба ҳайвон бар меояд, мувофиқи шариат, иҷрои он боке надорад. Боз Аллоҳ донотар аст". Поёни сухан. Аз китоби "Фиқҳу-н-навозил"-и доктор Ал-Ҷизонӣ (4/251) оварда шудааст.

Дар қарори рақами 94-и "Маҷмаъу-л-фиқҳи-л-исламӣ"-и дар Ҷадда барпошуда, чунин омадааст:

"А - Асос дар забҳи шаръӣ азоб надодани ҳайвон аст, зеро тариқаи забҳи исломӣ бо риоя намудани шурут ва одоби он, дар раҳм намудан ба ҳайвон ва некӯ забҳ кардану, кам ранҷ диданаш мувофиқтар аст.

Аз масъулине, ки ба забҳи ҳайвонот машғуланд, дархост карда мешавад, ки барои забҳи ҳайвоноти ҳаҷмашон калон аз васоили пешрафта муосир истифода кунанд, то ки асоси забҳ ба таври комил риоя гардад.

Б- Бо риоя намудани ин, пас он ҳайвоноте, ки баъд аз азоб додан ба тариқаи шаръӣ забҳ карда мешаванд, хӯрданашон ҷоиз аст ва ин ҳам дар ҳолате, ки ҳамаи шартҳо иҷро шуда, пеш аз забҳ намудан ҳайвон намурда бошад.

В- Ҳайвони забҳшавандаро бо воситаи тапончаи дорои сӯзани афтонанда, табар, болға ва ё бо роҳи дам намудан, ки англисҳо истифода мебаранд, азоб додан ҷоиз нест". Поёни сухан.

Хулоса хӯрдани гӯшти забҳҳои он тариқае, ки васф шуд, ҷоиз аст ва ҳеҷ боке нест бар касе, ки аз он гӯштҳо хӯрдааст.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб