Ҷумъа 10 Шаввол 1445 - 19 Апрел 2024
Тоҷикӣ

Дар қазои намози бомдод бо овози баланд қироат мекунад ё бо овози паст?

147476

Таърихи нашр : 23-05-2023

Мушоҳидаҳо : 1297

Савол

 

Агар намози бомдод аз ӯ фавт шавад, пас аз баромадани офтоб, (дар намози қазо) бо овози баланд қироат мекунад ё бо овози паст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Бо овози баланд қироат мекунад ва ин кор ҳеҷ боке надорад. Қазои онро ба ҳамон тарзе ки Аллоҳ машрӯъ кардааст, адо менамояд. Ҳангоме ки намози бомдод аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фавт шуд, онро баъд аз баромадани офтоб адо намуд. Онро бо ҳамон тарзе, ки дар аввали рӯз, пас аз дамидани субҳ мехонд, анҷом дод. Яъне он намозро мисли худаш, ду ракъат, бо овози баланд мехонад ва пеш аз он, намози ротиба (суннат)-и онро ҳам мехонад, ҳамонтавре ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) анҷом медод". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

"Фатово нурун ъала-д-дарб" (2/735).

Сарчашма: Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод). "Фатово нурун ъала-д-дарб" (2/735).