Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Аҳамияти Макка барои мусулмонон

11-06-2024

Савол 106609

Аҳамияти Макка барои ҷаҳони Ислом чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Аллоҳ онро барои мардум маҳалли бозгашт ва ҷойи амн ва ҳарами амне қарор додааст, ки дар он ҷо ҳоҷиёну донишмандон барои адо намудани маносики хеш бо камоли осоишу итминон, ба умеди аҷру савоби Аллоҳ таъоло ва тарси азоби Ӯ ҷамъ мешаванд. Мусулмонон дар он ҷо бо якдигар шинос мешаванд, ҳамдигарро насиҳат мекунанд ва дар мавриди масъалаҳои диниву дунявӣ бо ҳам машварат мекунанд. Подоши намоз ва амалҳои солеҳашон дар он ҷо ба маротиб зиёд мешавад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён ... Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто" (11/8).

Ҳаҷҷу умра
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб